Шароби куҳна дар дайр аст пире,
Шароби куҳна дар дайр аст пире,
Аҷаб софидиле, равшанзамире.
Ба ҳар дам бедилонро ҳамнишине,
Ба ҳар кор ошиқонро дастгире,
Тақарруб кун бад–ӯ, гар марди роҳӣ,
Ки аз пире туро набвад гузире.
Зи май манъам макун, зоҳид, чӣ нуқсон,
Агар як дам наёсояд ба тире?
Чӣ воҷиб мешавад гар модари табъ
Зи бустони бутонам дод шире?
Маю мутриб ба ғоят дилпазиранд,
Ба шарти он, ки бошад дилпазире.
Ҷаҳон бод асту Носир чун най аз бод,
Надорад ҳеҷ ҳосил ҷуз нафире.