Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ниёзе мекунам бо бениёзе,

Ниёзе мекунам бо бениёзе, Ки аз ман ҷони ширин в-аз ту нозе. Чу нолам чун рубоб аз гӯшмолат, Манам банда, туӣ банданавозе. Бибозам пешу болои ту ҷонро, Ки то дар ишқ бошам ростбозе. Агар ту мекушӣ аз ноз моро, Надорам ман ба ғайр аз ту ниёзе. Дили ман ҷониби дилбар гирифта-ст, Бад–он бегона натвон гуфт розе. Биё, эй ояи раҳмат, ки Носир Ҳамехонад туро дар ҳар намозе.