Эй ёр, зи ёрон хабари ёр напурсӣ,
Эй ёр, зи ёрон хабари ёр напурсӣ,
Ёрӣ набувад он, ки зи ағёр напурсӣ.
Эй савсани озода, шунав ҳоли дили гул,
Шарти адаб он нест, ки аз хор напурсӣ.
Эй дил, гарат аз қиссаи Фарҳод хабар ҳаст,
З-он пистаи ширини шакарбор напурсӣ.
Чун сунбули зулфаш бибарӣ сар ба суйи гӯш,
Ошуфтагии наргиси бемор напурсӣ.
Бо ёри сабукрӯҳ гаронӣ натавон кард,
Тасдеъ диҳӣ, андаку бисёр напурсӣ.
Эй бод, агар бӯй барӣ аз сари зулфаш,
Як шамма зи дилҳои гирифтор напурсӣ.
Омад зи ғами ӯ дили ошуфта ба зинҳор,
Аҳволи дили ғамзада зинҳор напурсӣ.
Носир, чу сабо гар бувадат ҳеч маҷоле,
Ҳоли дили саргашта зи дилдор напурсӣ.