Маро ҳар дам физояд дарду доғе,
Маро ҳар дам физояд дарду доғе,
Ки бӯе ёбад аз ту ҳар димоғе.
Чӣ хол аст он туро болои абрӯ,
Камонро чун гузар набвад ба зоғе.
Биё, то бо руху зулфат нишинам
Шаби торик дар пеши чароғе.
Чунин қомат надорад ҳеч сарве,
Чунин сарве надорад ҳеч боғе.
Туӣ гул, ман нишаста бар сари хор,
Туӣ лола, маро бар сина доғе.
Зи дил хуноби чашми ман расул аст,
Набошад бар расулон ҷуз балоғе.
Куҷо рӯйи ту бинад чашми Носир,
Ки аз гиря намеёбад фароғе!