Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Навбаҳор асту гулу аҳди шабоб, эй соқӣ,

Навбаҳор асту гулу аҳди шабоб, эй соқӣ, Хуш бувад ҷоми маю савти рубоб, эй соқӣ. Дар дили ғунча нигар рӯйи нигор, эй ориф, Дар сари лола нигар ҷоми шароб, эй соқӣ. Соғаре деҳ, ки ду-серӯза ҳаётам бигузашт Бе маю наргиси масти ту ба хоб, эй соқӣ. Аҳд кардам, ки чу паймонаи ман баргардад, Дар сари бода равам ҳамчу ҳубоб, эй соқӣ. Рӯзи маҳшар, ки шавам зинда, чу наргис бошам Дар ҷамолат нигарон масту хароб, эй соқӣ. Кори олам гузарон аст, гузар, эй Носир, Даври гетӣ ба шитоб аст, шитоб, эй соқӣ!