Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Омад нафаси баҳор, соқӣ,

Омад нафаси баҳор, соқӣ, Иксири тараб биёр, соқӣ, Бар ёди лаби ҳаётбахшаш Дардеҳ майи хушквор, соқӣ. Бе соғару май мабош як дам Дар мавсими навбаҳор, соқӣ. Дар вақти баҳор ошиқонро Бе бода раво мадор, соқӣ. Дардеҳ майи лолагун, ки вақт аст, Дар домани лолазор соқӣ.