Соқӣ, биёр ҷоме з-он бодаи ҳақиқӣ,
Соқӣ, биёр ҷоме з-он бодаи ҳақиқӣ,
Чун офтоби рахшон аз софию рақиқӣ.
Ин оҳу гиряамро мардум маҷоз донанд,
Дерест мо ҷудоем з-он дилбари ҳақиқӣ.
Умрам гузашту н-омад дар пеши ман рафиқе,
Ёрон, фиғону фарёд аз ранҷи берафиқӣ!
Моро ба худ тариқе бинмо, чунон ки донӣ,
Эй раҳнамои ҷонҳо, ту асли ҳар тариқӣ.
Носир, чу аз даҳонаш як нукта шарҳ додӣ,
Маълум шуд, ки боре дар нуктае дақиқӣ.