Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бирабуд дил зи дастам санаме зарифу шанге,

Бирабуд дил зи дастам санаме зарифу шанге, Гул аз ӯ рабуда бӯе, маҳ аз ӯ гирифта ранге. Чу ба номи ишқ фошам, зи ҳунар чӣ нанг дорам, Нахӯрам ба шодмонӣ ғами ҳеч ному нанге. Сари ҷангу рӯи сулҳам набувад ба ҳеч рӯе, Агарам ба ҷанг ояд, маю ёру бонги чанге. Макун, эй фақеҳ, хушкӣ, ки зи сардии ту моро На маҷоли сулҳ мондасту на эҳтимоли ҷанге. Ҳама рӯбаҳони беша биниҳода рӯбаҳиро, На ба ранги шермандон, ки дуранг чун паланге. Ба саводи холи зангӣ назаре ба ҳоли мо кун, Дами сарди кист, ё Раб, ки бар оина-ст занге? Ба Худо, ки ҳайф бошад ба лаби ту номи Носир Ба чунон забони ширин, ба чунон даҳони танге.