Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ринду қаландар шудам аз сари девонагӣ,

Ринду қаландар шудам аз сари девонагӣ, Камтарам аз хоки дар бар дари девонагӣ. Ҷомаи соҳибдилон ҷумла бипӯшид дил, Ҳеч либосе наёфт дарх(в)ари девонагӣ. Бигзарад аз неку бад, маст шавад то абад, Ҳар кӣ дамодам хӯрад соғари девонагӣ. Кист, ки ӯро расад дар ду ҷаҳон дарси ишқ, Он ки бихонад тамом дафтари девонагӣ. Баҳри ҷунун мавҷ зад, киштии ҳастӣ рабуд, Мояи тавҳид гашт гавҳари девонагӣ. Дар зару ёқут шуд тоҷи сари хусравон, Хишти сари хум бувад афсари девонагӣ. Зевару зинат бувад пояи ҳусни бутон, Далқ ба ҳам барзада-ст зевари девонагӣ. Васли ту рӯзе набуд Носири шӯридаро, Хоки қудуми ту бод бар сари девонагӣ!