Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй ёфта нубувват аз зоти ту камоле,

Эй ёфта нубувват аз зоти ту камоле, Рафта ба аршу карда бо дӯст иттисоле. Бигрифта мулку миллат, дар фақр фахр карда, Чун дигарон набуда моил ба ҷоҳу моле. Эй гашта мими номат нури ду чашми олам, Туғрои ҳафт «ҳо мим» бар давлати ту доле. Он-ч аз ту гашт содир, мо аз Худой дида, Нафси ту мурдае буд дар пеши Ҳақ таъолӣ. Парвонаро пару бол аз қурби шамъ сӯзад, Шамъӣ ту, к-аз ту ёбад парвона парру боле. Ту мақсадию Одам дар пеши ту туфайлӣ, Ту гавҳарию олам дар ҷанби ту сафоле. Носир, камина соил бар остонаи туст, Гарчи ту файзбахшӣ бе ҳоҷати саволе.