Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Аз гулшани рӯяш чу ман якбор гул барчидаме,

Аз гулшани рӯяш чу ман якбор гул барчидаме, Аз ҷумла гулҳои чаман доман ба куллӣ чидаме. Лутфаш агар як раҳ маро аз хоки раҳ бардоштӣ, Чун гард гирди кӯйи ӯ доим ба сар гардидаме. Гар дам надодӣ дам ба дам пинҳон ба зери лаб маро, Ман ҳамчу най дар чанги ӯ ҳар дам чаро нолидаме. Гӯянд варзад ҳар касе чизе, ки меарзад бад-он, Ман низ меварзам ғамаш боре бад-он арзидаме. Чун нест он давлат, ки ӯ гӯяд ба гӯши ман сухан, Кош аз забонаш дигаре гуфтию ман нашнидаме. Гар чашми бедори маро чун бахти ман хоб омадӣ, Чун давлати бедори худ рӯзе ба хобаш дидаме. Чун нест қосидро маҳал, к–аз дӯст пайғом оварад, Боре дамидӣ бод, то аз вай хабар пурсидаме. Дар нома Носир хуни дил аз хома пайдо мекунад, Гар ҳеч мақдурам шудӣ, оташ ба най пӯшидаме.