Ту сарвӣ, эй санам, ё бӯстонӣ,
Ту сарвӣ, эй санам, ё бӯстонӣ,
Ту ҷонӣ, эй парӣ, ё ҷони ҷонӣ?!
Лаби лаълат ниҳуфта ақли кулро
Ҳамегӯяд ҷавоби «лантаронӣ».
Надорам ҳеҷ ёре маҳрами роз,
Ки гӯям пеши ӯ дарди ниҳонӣ.
Саҳаргаҳ мегузаштам бар дари ёр,
Ки меҷустам зи дилдоре нишонӣ.
Дари майхонаро дидам кушода,
Дарун рафтам чунон хушдил, ки донӣ.
Ҳарифе чанд дурдошом дидам,
Ки мехӯрданд бо ҳам дӯстгонӣ.
Ба ман доданд ҷоме, чун чашидам,
Падид омад нишони шодмонӣ.
Шароби ноб чун дар ман асар кард,
Надидам ҳеч аз Носир нишоне.