Эй ёди ту ғоиб зи забону дили мо не,
Эй ёди ту ғоиб зи забону дили мо не,
Ҳаргиз ту кунӣ ёди мани сӯхта ё не?
Мондем чу булбул ба хазон, эй гули садбарг,
Дур аз рухи ту барг надорему наво не.
Рӯз ояду шаб бигзараду ҷумла шабонрӯз
Наздики ман аз ҳамнафасон ғайри сабо не.
Тарсам, ки агар дарди дили хеш бигӯям,
Ғамгин шавию тоқати ғам ҳеч туро не.
Маъзур ҳамедор, ки тақдир ҳамин буд,
Мо саъй намудем ба васли ту, қазо не.
Бисёр ба по гирди сари кӯйи ту гаштем,
Ин бор дар он кӯ ба сар оему ба по не.
Бисёр баҳор ояду гул бардамад аз гил,
Оянд ҳарифон ба сари сабзаву мо не.
Рӯзе, ки расад теғи аҷал бар сари Носир,
Тан аз ту ҷудо гардаду дил аз ту ҷудо не.