Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Аз рӯзи нотавонӣ андеш, то тавонӣ,

Аз рӯзи нотавонӣ андеш, то тавонӣ, Май нӯш бо ҷавонон дар мавсими ҷавонӣ. Бо пири дайр гуфтам, к-аз дайр чист ҳосил? Гуфто, ки бо ду ҳамдам як дам ба шодмонӣ. Соқӣ Масеҳ бояд, то май ҳалол гардад, К-аз дасти Хизр бода ҳаст оби зиндагонӣ. Бовар макун, ки донӣ аҳволи ҷоми Ҷамро, То аз хати пиёла як ҳарф барнахонӣ. Гар лаззате зи умрат дар коми ҷон расидаст, Бояд, ки як нафасро бе завқ нагзаронӣ. Чашмам бувад ба рӯе, гӯшам ба роҳ, аммо Бар роҳи арғанунӣ, бар рӯйи арғувонӣ. Носир, агар фано шуд, бодо бақои ҷонат, Боқист ваҷҳи боқӣ, боқӣ ҷаҳони фонӣ.
Аз рӯзи нотавонӣ андеш, то тавонӣ, | Шоирон