Ҳарчанд мешикофӣ ту мӯй дар маонӣ,
Ҳарчанд мешикофӣ ту мӯй дар маонӣ,
Аз маънии миёнаш, эй ақл, бар каронӣ.
Чун баҳри ишқи ҷонон мавҷи гуҳар барорад,
Ҷон дар миёна ояд, ту бар карона монӣ.
Он ҷо ки мурғи дарё дар об шуд шиновар,
Бар шохаҳо нишинад мурғони бӯстонӣ.
Чун моҳӣ аз фироқат бар хок метапад дил,
Эй баҳри бениҳоят в-эй оби зиндагонӣ.
Чандин ҳазор ошиқ ҷон медиҳад бар ин дар,
Баҳри ту кам нагардад, обе агар чаконӣ.
Як қатра абри лутфат бар ҷони ҳар кӣ борад,
Дурре шавад, ки дар вай баҳре шавад ниҳонӣ.
З–он баҳр шеъри худро сероб дору тоза,
Носир, сафинаҳоро бар хушк чанд ронӣ?