Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Пайки сабо, агарчи ранҷуру нотавонӣ,

Пайки сабо, агарчи ранҷуру нотавонӣ, Пайғоми мо бигӯӣ он ҷо, агар тавонӣ. Як рони бодпоро аз пӯя дар так овар, Рӯзе магар бар он дар рамзе ду боз ронӣ. Гар бошадат маҷоле, бардор нақш аз рух, То нома дар дили шаб аз нури шамъ хонӣ. Тарсам, ки бори гавҳар аз шарм об гардад, Гар моҷарои чашмам дар гӯши ӯ расонӣ. Бо зулфи ӯ бихонӣ пайғоми дил мутаввал, Ё мухтасар бигӯӣ бо лаъли ӯ ниҳонӣ. Бигзар сабук аз он дар, то гард барнахезад, Зеро ки дарнагунҷад бо нозукон гаронӣ. Гар ҳамчу бахт бинӣ дар кӯйи ӯ диламро, Гӯй: Эй ҷаҳони равшан, аз мо чаро ҷаҳонӣ? Шарҳи фироқи моро чун хома сарсарӣ кард, Печид рӯй аз вай нома зи хурдадонӣ. Маҳрам нагашт нома бо розам аз дурӯйӣ, Пинҳон надошт хома ҳарфам зи дузабонӣ. Носир ҳазор нома аз хуни дил равон кард Чун бод аз латофат, чун об аз равонӣ.