Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Турки лашкаршикани ишвагари арбадаҷӯй,

Турки лашкаршикани ишвагари арбадаҷӯй, Бути кофарбачаи нӯшлаби силсиламӯй Дӯш сармаст ба сарвақти ҳарифон мерафт, Бо маю мутрибу чангу дафу ҷомею сабӯй. Майпарастони саҳархез чу огоҳ шуданд, Шод бинишасту равон кард қадаҳ бар сари кӯй. Зулф шӯридаву гесӯи мусалсал бар дӯш, Чашм ошуфтаву марғули парешон бар рӯй. Базми мастон шуда аз чеҳраи ӯ боғи биҳишт, Шамъи маҷлис шуда аз турраи ӯ анбарбӯй. Майи гулранг ба ман дод зи ҷоми саҳарӣ, Гуфт: Май нӯш куну занги ғам аз сина бишӯй. Сурати қомати ӯ дар назарам меояд, Рост чун сарви баланде, ки бувад бар лаби ҷӯй. Дар лаби ӯ нигар, эй ғунчаву бар хеш маханд, Дар рухи ӯ нигар, эй лолаву аз шарм марӯй, Носир аз ишқи бутон тавба нахохад кардан, Чӣ зиён дорад, агар панд диҳад беҳудагӯй?!