Ёри азизу Юсуфи Канъони мо туӣ,
Ёри азизу Юсуфи Канъони мо туӣ,
Дар Мисри дил азизтар аз ҷони мо туӣ.
Яъқубвор дида зи ғайри ту бастаам,
Чашму чароғи кулбаи аҳзони мо туӣ.
Даври қамар ба рӯи ту нисбат дуруст кард,
Ошӯби даҳру фитнаи даврони мо туӣ.
Эй моҳи ҳусн, зинати айвони мо зи туст,
Эй сарви ноз, равнақи бустони мо туӣ.
Мо як–ду нотавони заифем ҳамчу мӯр,
Эй подшоҳи мулк, Сулаймони мо туӣ.
Мо бандаи каминаи деринаи туем,
Иқрор мекунем, ки султони мо туӣ.
Фирдавс бар харобаи мо рашк мебарад
Имшаб бад-он далел, ки меҳмони мо туӣ.
Як дам чароғ агар бишинад ба гӯшае,
Равшан шавад, ки шамъи шабистони мо туӣ.
Эй оби зиндагонӣ, дар ҷустуҷӯи ту
Носир аз он фитода, ки ҷӯёни мо туӣ.