Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Рӯзе, ки барад бодам чун хок ба ҳар сӯе,

Рӯзе, ки барад бодам чун хок ба ҳар сӯе, Ҳар зарраи хокамро бошад зи вафо бӯе. Дидан ба ту натвонам, зеро ки намеафтад Ин чашми сияҳрӯям дархурди чунон рӯе. То бод ба кӯйи ту орад мани хокиро, Чун гард ҳамегардам саргашта ба ҳар кӯе. Рух ҷониби меҳробе дар вақти суҷуд оранд, Ман саҷда намеорам ҷуз дар хами абрӯе. То баркашадам аз дил бори ғами ҳиҷронро, Ҳар тири ту мегардад дар сина торозуе. То сарви қадат соя бар оби равон созад, Аз дида равон кардам бар хоки дарат ҷӯе. Носир зи ғамат мӯе гашта-ст, вале ҳаргиз Дидӣ, ки гарон ояд бар ҳар ду ҷаҳон мӯе.
Рӯзе, ки барад бодам чун хок ба ҳар сӯе, | Шоирон