Эй ҳусни ту оинаи анвори илоҳӣ,
Эй ҳусни ту оинаи анвори илоҳӣ,
Авсофи ҷамоли ту надонанд камоҳӣ.
Хубони ҷаҳон ҷумла чароғанду ту нурӣ,
Ғилмони ҷинон ҷумла ғуломанду ту шоҳӣ.
Дар дидаи ман рози ту пӯшида намонад,
Чун мардумаки дида ба хун дод гувоҳӣ.
Гар сӯйи туам даст диҳад нома навиштан,
З-ангушт қалам созаму аз дида сиёҳӣ.
Чашмам ба ту равшан шуду маҷлис з-и ту гулшан,
Бо шамъ бигӯ, то бинишинад, ки ту моҳӣ.
Аз кӯи ту ман боз наоям ба маломат,
Дурдикаши ишқи ту натарсад зи маноҳӣ.
Гар ҷавр кунӣ, аз ту ба сӯйи ту гурезам,
Ғайр аз ту касе нест маро, ҳам ту паноҳӣ.
Аз дидаи Носир нашавад нақши ту ғоиб,
Хуш чашмаи обест, ки дорад чу ту моҳӣ.