Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сипеҳри ҳуснро донам, ки моҳӣ,

Сипеҳри ҳуснро донам, ки моҳӣ, Надонам ҳадди моҳият камоҳӣ. Ту чун моҳию гардад акси рӯят Бигардад чашмаи чашмам чу моҳӣ. Агар рози ту дил пӯшида дорад, Ба хуни дил диҳад чашмам гувоҳӣ. Ҷудо аз донаи холи ту чун коҳ Танам бар бод рафт аз умри коҳӣ. Қадат ҳамчун қалам бар маҳ хат овард, Мураккаб шуд сапедию сиёҳӣ. Маро обе деҳ аз чоҳи занахдон, Ҳамин бошад ғараз обею чоҳе. Сипаҳ бар дил кашад чашмат зи мижгон, Сияҳчашманд туркони сипоҳӣ. Бибин, дар вақти куштан риққати шамъ Далели равшан аст аз бегуноҳӣ. Зи Носир гар бувад дилхоҳи ту ҷон, Фидои ҷони ту бод, он чи хоҳӣ!
Сипеҳри ҳуснро донам, ки моҳӣ, | Шоирон