Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
761. МИЛ БАРОВАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА САРҲАДДИ ЭРОН ВА ТӮРОН
Биёсуд дар Марв Баҳроми Гӯр, Чу осуда шуд шоҳу ҷангӣ сутур. Равонаш ситез аз мадоро гузид, Дилаш ройи разми Бухоро гузид.
760. ТОХТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БАР ХОҚОНИ ЧИН
В - аз он рӯй Баҳром бедор буд, Сипаҳро зи душман нигаҳдор буд. Шабу рӯз корогаҳон доштӣ, Ба базму ба май рӯз нагзоштӣ.
759. ЛАШКАР КАШИДАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ЭРОН ВА ЗИНҲОР ХОСТАНИ ЭРОНИЁН АЗ Ӯ
Пас огоҳӣ омад ба Ҳинду ба Рум, Ба Турку ба Чину ба ободбум, Ки Баҳромро дил ба бозист бас, Касеро ба гетӣ надорад ба кас.
758. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМ БА НАХЧИРИ ГӮРОН
Дигар рӯз чун тоҷ бифрӯхт ҳур, Ҷаҳондор шуд сӯи нахчири гӯр. Камонҳо ба зеҳ барниҳода сипоҳ, Паси лашкар-андар ҳаме ронд шоҳ.
757. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИРГОҲ ВА КУШТАНИ ШЕРОН
Бифармуд, то тахти шоҳаншаҳӣ Ба боғи Баҳор андарорад раҳӣ. Ба фармон бибурданд пирӯзатахт, Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.
756. БОЗ НАМУДАНИ ХОРКАН ҲОЛИ КАДЕВАРИ ФАРШЕДВАРД ВА БАХШИДАНИ БАҲРОМ МОЛИ Ӯ БА АРЗОНИЁН
Чу берун шуд аз номвар шорсон, Ба пеш андаромад яке хорсон. Табар дошт марде, ҳаме канд хор, Зи лашкар бишуд пеши ӯ шаҳрёр.
755. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ФАРШЕДВАРДИ КАДЕВАР ВА МАРДИ ХОРКАН
Биёмад шаҳаншоҳ бо Рӯзбеҳ Кушодадилу шод аз айвони меҳ. Ҳаме ронд гӯён ба мушкуи хеш, Ба сӯи бутони суманбӯи хеш.
754. КУШТАНИ БАҲРОМ ШЕРОНРО ВА РАФТАНАШ БА ХОНАИ ГАВҲАРФУРӮШ ВА ХОСТАН ДУХТАРИ ӮРО
В-аз он ҷо барангехт шабранг шоҳ, Яке беша пеш андаромад ба роҳ, Ду шери жаён пеши он беша дид, Камонро ба зеҳ карду андаркашид.
753. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИР ВА ХОСТАНИ ДУХТАРИ ГАВҲАРФУРӮШ
Ба ҳаштум биёмад ба даште шикор Худу Рӯзбеҳ бо саворе ҳазор. Ҳама дашт яксар пур аз гӯр дид, Зи таркаш камони каёнӣ кашид.
752. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИР ВА ХОСТАНИ ДУХТАРОНИ БАРЗИНДЕҲҚОН
Ба рӯзе се дигар бурун рафт шоҳ, Або лашкару сози нахчиргоҳ. Бузургони Эрон зи баҳри шикор Ба даргоҳ рафтанд сесад савор.
751. КУШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЖДАҲОРО ВА ДОСТОНИ Ӯ БО ЗАНИ ПОЛИЗБОН
Ҳаме буд якчанд бо меҳтарон, Майи равшану ҷому ромишгарон. Баҳор омаду хок шуд чун биҳишт, Ба рӯи замин-бар ҳаво лола кишт.
750. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО БОЗУРГОНЕ ВА ШОГИРДИ Ӯ
Дигар ҳафта рӯзе ба нахчир шуд, Дижам буд бо таркашу тир шуд. Зи хуршеди тобанда шуд дашт гарм, Сипаҳбад зи нахчир баргашт нарм.
749. ЁФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР ГАНҶИ ҶАМШЕДРО
Дигар ҳафта омад ба нахчиргоҳ, Худу мӯбаду вижагони сипоҳ. Биёмад яке марди меҳтарпараст, Чу боди дамону асое ба даст.
748. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ЧАҲОР ХОҲАРОН
Дигар ҳафта бо мӯбадону меҳон Ба нахчир шуд шаҳрёри ҷаҳон. Чунон шуд, ки моҳе ба нахчиргоҳ Ҳаме бошаду май хӯрад бо сипоҳ.
747. ВАЙРОН КАРДАНИ МӮБАДИ БАҲРОМИ ГӮР ДЕҲРО ВА БОЗ ОБОД КАРДАНАШ
Биёмад дигар рӯз шабгир шоҳ Сӯи дашти нахчири худ бо сипоҳ. Ба дасти чапаш Ҳурмузи кадхудой Сӯи росташ мӯбади покрой
746. ДОСТОНИ КӮДАКИ КАФШГАР БО ШЕР ВА ҲАЛОЛ КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР МАЙРО
Бад-ин гуна бугзашт соле тамом, Ҳаме доштӣ ҳар касе май ҳаром. Ҳамон шоҳ чун маҷлис оростӣ, Ҳаме номаи бостон хостӣ.
745. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО КАБРӮЙ ВА ҲАРОМ КАРДАНИ Ӯ МАЙРО
Чу биншаст, май хост аз бомдод, Бузургони лашкар бирафтанд шод. Биёмад ҳамон гаҳ яке марди меҳ, Варо мева овард лахте зи деҳ.
744. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО МЕҲРБУНДОД
Чу юзи шикорӣ ба кор омадаш, Биҷунбиду ройи шикор омадаш. Яке бораи тезрав барнишаст, Ба ҳомун хиромид бозе ба даст.
743. БАХШИДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ХОСТАИ БИРОҲОМ ЛАНБАКРО
Бирафту биёмад ба айвони хеш, Ҳама шаб ҳаме сохт дармони хеш. Пурандеша он шаб ба айвон нахуфт, Бихандиду он роз бо кас нагуфт.
742. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО БИРОҲОМИ ҶУҲУДӢ
Пас аз лашкари хеш Баҳром тафт, Сабук сӯи хони Бироҳом рафт. Бизад дар, бад-ӯ гуфт, к-«Аз шаҳрёр Бимондам чу бозомад ӯ аз шикор.
741. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ЛАНБАКИ ОБКАШ
Чунон буд, ки рӯзе ба нахчири шер Ҳаме рафт бо чанд гурди далер. Бишуд пирмарде асое ба даст, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи яздонпараст,
740. ПАДРУД ГУФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР МУНЗАР ВА НӮЪМОНРО ВА БАХШИДАНИ БОЖИ БОҚӢ БО ЭРОНИЁН
Дигар рӯз чун бардамид офтоб. Биполуд кӯҳу биёлуд хоб. Ба наздики Мунзар шуданд ин гурӯҳ, Ки Баҳром аз эшон ҳаме буд сутӯҳ,
739. НИШАСТАНИ БАҲРОМ БАР ТАХТ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН ВА НОМАҲО БАР МЕҲТАРӢ НАВИШТАН
Чу бар тахт биншаст Баҳроми Гӯр, Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонд ҳур. Парастиш гирифт офаринандаро, Ҷаҳондори бедори бинандаро.
738. РАФТАНИ БАҲРОМ ВА ХУСРАВ БА ҲОМУН ВА КУШТАНИ БАҲРОМ ШЕРОНРО ВА БАР ТАХТ НИШАСТАН
Чу Баҳрому Хусрав ба ҳомун шуданд, Бари шер бо дил пур аз хун шуданд. Чу Хусрав бидид он ду шери жаён, Ниҳода яке афсар андар миён.
737. ТОҶ БАРДОШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ МИЁНИ ШЕРОН
Гузашт он шабу бомдоди пагоҳ Биёмад, нишаст аз бари гоҳ шоҳ. Фиристоду эрониёнро бихонд, Зи рӯзи гузашта фаровон биронд.

