Хоҳарам боиффату мастур бош
Хоҳарам боиффату мастур бош,
Аз масири бадсириштон дӯр бош.
Дар сарои донишу фарҳангу ҳуш,
Чун чароғ андар шаби торик бош.
Дар паи тақлиди берунӣ марав,
Аз шиори аҷнабиҳо дӯр бош.
Эй ки дорӣ иффату покизогӣ,
Дар шарофат қам навои Ҳур бош,
Гавҳари ахлоқ ҳастанд ифтихор.
В-аз китоб омодаи дастур бош,
Аз сумуми беҳаёи бар ҳазар.
Дар мақоми модари мащҳур бош,
Даст аз ғафлат макун ҳарсӯ дароз.
Дар ҳарос аз лонаи занбӯр бош,
Аз фарози қуллаи инсоният.
Раҳнаварди корвони нур бош,
Риштаи тазвири душман бигсилон,
Бар ҳиҷобат хоҳарам масрур бош.