Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шоири номаълум

Хислати мардӣ надори хонаи мардон нарав

Хислати мардӣ надори хонаи мардон нарав, Дар дилат гар доғ дори пеши бедардон нарав. Зиндагӣ дорад ҳазорон сиру асроре ба худ, Аз барои маслиҳат бар назди бевиҷдон нарав. Ҳар касе ояд ба Дунё ӯ ба дил дорад ғаме, Аз барои пандгирӣ назди ноинсон нарав. Дар дили мо нест охир бар касе ҳаргиз бадӣ, Гар ту бо мо дӯст боши пеши номардон нарав!