Хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Аз ин ҷаҳони бебақо, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Аз байни хешу ақрабо , хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Суде надорад симу зар, аз роҳи Шайтон кун ҳазар,
Шаҳзода бошӣ ҳам агар, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Мағрур мабош аз давлатат, суде надорад савлатат.
Рӯзе, ки ояд навбатат, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Ҳаргиз набошӣ кинагир, дасти ятимонро бигир.
Барнодилӣ ё инки пир, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Дунёст чун дарё равон, монанди он дарёдилон.
Аз ин замин аз ин макон, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Хайру саховат пеша кун, аз роҳи бад андеша кун.
Неки бимонад ҷовидон, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.
Ин панди Мавлоно шунав, аз пушти ризқ ҳаргиз мадав,
Бою бадавлат ё гадо, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ.