Ман масту ту девона
Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Ман чанд туро гуфтам: кам хӯр ду-се паймона?!
Дар шаҳр яке касро ҳушёр намебинам,
Ҳар як батар аз дигар шӯридаву девона.
Ҷоно, ба харобот о, то лаззати ҷон бинӣ,
Ҷонро чӣ хушӣ бошад бе сӯҳбати ҷонона?!
Ҳар гӯша яке масте, дасте забари дасте,
В-он соқии ҳар ҳасте бо соғари шоҳона.
Ту вақфи хароботӣ, дахлат майю ҳаҷрат май,
3-ин вақф ба ҳушёрон маспор яке дона.
Эй лӯлии барбатзан, ту масттарӣ ё ман?
Эй пеши чу ту масте афсуни ман афсона.
Аз хона бурун рафтам, мастем ба пеш омад,
Дар ҳар назараш музмар сад гулшану кошона.
Чун киштии белангар каж мешуду маж мешуд,
В-аз ҳасрати ӯ мурда сад оқилу фарзона.
Гуфтам: «Зи куҷойӣ ту?» Тасхир заду гуфт: «Эй ҷон,
Нимем зи Туркистон, нимем зи Фарғона.
Нимем зи обу гил, нимем зи ҷону дил,
Нимем лаби дарё, ниме ҳама дурдона».
Гуфтам, ки рафиқӣ кун бо ман, ки манам хешат,
Гуфто, ки бинашносам ман хеш зи бегона.
Ман бедилу дасторам, дар хонайи хамморам,
Як сина сухан дорам, ҳин, шарҳ диҳам ё на?
Дар ҳалқайи лангонӣ, мебояд лангидан,
Ин панд напӯшидӣ аз хоҷайи улёна.
Сармасти чунон хубе кай кам бувад аз чӯбе,
Бархост фиғон охир аз устуни ҳаннона.
Шамсулҳақи Табрезӣ, аз халқ чӣ парҳезӣ,
Акнун, ки дарафкандӣ сад фитнаи фаттона.