Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
961. НОМА НАВИШТАНИ ГУРДИЯ БА ХУСРАВ ВА ХОСТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ӮРО
Давоту қалам хост нобокзан, Ба ором биншаст бо ройзан. Яке нома бинвишт наздики шоҳ, Зи бад хонду аз мардуми некхоҳ.
960. КУШТА ШУДАНИ ГУСТАҲМ БА ДАСТИ ГУРДИЯ БА ЧОРАИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ГУРДӮЙ
Чунин то баромад бар ин чанд гоҳ, Зи Густаҳм пурдард шуд ҷони шоҳ. Барошуфт рӯзе, ба Гурдӯй гуфт, Ки «Густаҳм бо Гурдия гашт ҷуфт.
959. САР ПЕЧИДАНИ ГУСТАҲМ АЗ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ХОСТАНИ Ӯ ГУРДИЯРО
В-аз он пас ба сӯи Хуросон касе Фиристоду андарз кардаш басе. Бад-ӯ гуфт: «Бо кас маҷунбон забон, Аз эдар бирав то дари марзбон.
958. КУШТАНИ ХУСРАВ БИНДӮЙРО БА ХУНИ ПАДАРАШ ҲУРМУЗД
В-аз он пас ба ором биншаст шоҳ, Чу бархост Баҳроми ҷангӣ зи роҳ. Надид аз бузургон касе кинаҷӯй, Ки бо ӯ ба рӯй андароранд рӯй.
957. НОМАИ ГУРДИЯ БА ГУРДӮЙ
Чу пирӯз шуд, сӯи Эрон кашид, Бари шаҳрёри далерон кашид. Ба Омӯй биншасту якчанд буд, Ба дил-ш - андар андешаҳо барфузуд.
956. ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ТУВУРГРО АЗ ПАСИ ГУРДИЯ ВА КУШТАНИ ГУРДИЯ ӮРО
Зи лашкар басе зинҳорӣ шуданд, Ба наздики хоқон ба ёрӣ шуданд. Бародар биёмад ба наздики ӯй, Ки «эй номвар меҳтари ҷангҷӯй!
955. РОЙ ЗАДАНИ ГУРДИЯ БО ПАҲЛАВОНОНИ ХЕШ ВА ГУРЕХТАН АЗ МАРВ
В-аз он пас ҷавону хирадманд зан Ба ором биншаст бо ройзан. Чунин гуфт, к-«омад яке нав сухан, Ки ҷовид бар дил нагардад куҳан.
954. НОМА НАВИШТАНИ ХОҚОН БА ГУРДИЯ, ХОҲАРИ БАҲРОМ ВА ПОСУХИ ОН
В-аз он пас чу хоқон бипардохт дил, Зи хун шуд ҳама кишвари Чин чу гил. Чунин гуфт як рӯз, к-«аз марди суст Наёяд магар кори нотандуруст.
953. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХУСРАВ АЗ КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА НАВОХТАНИ Ӯ ХАРРОДИ БАРЗИНРО
Чу Харроди Барзин ба Хусрав расид, Бигуфт, он куҷо карду гуфту шунид. Дили шоҳ Парвиз аз он шод гашт, К-аз он бадгуҳар душман озод гашт.
952. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХОҚОН АЗ МАРГИ БАҲРОМ ВА ТАБОҲ КАРДАНИ ХОНУМОНИ ҚУЛУН ВА НАВОХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ХАРРОДРО
Чу бишнид хоқон, ки Баҳромро Чӣ омад, парешида дид номро. Ҳам он нома наздики хоқон расид, Фиристода гуфту сипаҳбад шунид.
951. КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ДАСТИ ҚУЛУН
Кулун бистад он мӯҳру ҳамчун тазарв Биёмад зи шаҳри Кашон то ба Марв. Ҳаме буд, то рӯзи Баҳром буд, Ки Баҳромро он на падром буд.
950. ФИРИСТОДАНИ ХАРРОДИ БАРЗИН ҚУЛУНРО БА НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
В-аз он рӯй Баҳром шуд то ба Марв, Биёрост лашкар чу парри тазарв. Кас омад ба хоқон, ки аз Турку Чин Мамон, то кас ояд ба Эронзамин,
949. Мақотура чун гашт кушта ба зор
Абар дасти Баҳром он рӯзгор. Қулунро дил аз дард ҷӯшон будӣ, Шабу рӯз аз ғам хурӯшон будӣ. Ба тан низ хеши Мақотура буд,
948. ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВ ХАРРОДИ БАРЗИНРО БА НАЗДИ ХОҚОН ВА ЧОРА КАРДАНИ Ӯ АЗ КУШТАН БАҲРОМИ ЧӮБИНАРО
Чу огоҳӣ омад ба шоҳи бузург, Ки аз беша берун хиромид гург. Сипоҳе биёвард Баҳроми гурд, Ки аз осмон рӯшноӣ бибурд.
947. СИПОҲ ОРОСТАНИ ХОҚОНИ ЧИН
Аз он пас чу бишнид Баҳроми гурд, К-аз Эрон ба хоқон касе нома бурд. Биёмад дамон пеши хоқони Чин, Бад-ӯ гуфт, к-«эй меҳтари б-офарин!
946. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ АЗ КОРИ БАҲРОМ ВА НОМА НАВИШТАН БА ХОҚОН
Ҳаме хӯрд Баҳрому бахшид чиз, Бар ӯ ҳар касе офарин кард низ. Чунин то хабарҳо ба Эрон расид, Бари подшоҳи далерон расид
945. КУШТА ШУДАНИ ШЕРИ КАППӢ БАР ДАСТИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чу пайдо шуд аз осмон гарди моҳ, Шаби тира бифшонд зулфи сиёҳ. Пароканда гаштанду мастон шуданд, В-аз он ҷой ҳар кас ба айвон шуданд.
944. КУШТАНИ ДАД ДУХТАРИ ХОҚОНРО
Чу чанде баромад бар ин рӯзгор, Шабу рӯз осоиш омӯзгор. Чунон буд, ки дар кӯҳи Чин он замон Даду дом будӣ фузун аз гумон.
943. КУШТА ШУДАНИ МАҚОТУРА БА ДАСТИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чу шаб домани тира андаркашид, Сапеда зи кӯҳи сияҳ бардамид. Мақотура пӯшид хафтони ҷанг, Биёмад яке теғи турӣ ба чанг.
942. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО ХОҚОНИ ЧИН
Кунун достонҳои дерина гӯй, Суханҳои Баҳроми Чӯбина гӯй, Ки чун ӯ сӯи шаҳри туркон расид, Ба назди сарону бузургон расид,
941. ЗОРИИ ФИРДАВСӢ АЗ МУРДАНИ ФАРЗАНДИ ХЕШ
Маро сол бугзашт бар шасту панҷ, На некӯ бувад, гар биёзам ба ганҷ. Магар баҳра гирам ман аз панди хеш, Барандешам аз марги фарзанди хеш.
940. БОЗГАШТАНИ НИЁТУС ВА РУМИЁН АЗ ЭРОН НАЗДИ ҚАЙСАРИ РУМ
Ба Харроди Барзин бифармуд шоҳ, Ки ҷои араз созу девон бихоҳ. Ҳама лашкари румиён арз кун, Ҳар он кас, ки ҳастанд нав ё куҳун.
939. ХАШМ ГИРИФТАНИ НИЁТУС БАР БИНДӮЙ ВА ОШТӢ КАРДАНИ МАРЯМ ДАР МИЁНАШОН
Дигар рӯз Хусрав биёрост гоҳ, Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. Ниҳоданд дар гулшани сур хон, Чунин гуфт пас: «Румиёнро бихон».
938. НОМАИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ҚАЙСАР БА ПИРӮЗӢ ВА ПОСУХНОМАИ ҚАЙСАР
Аз он рӯй Хусрав бад-он размгоҳ Биёмад, ки Баҳром буд бо сипоҳ. Ҳама размгоҳаш ба тороҷ дод, Сипаҳро ҳама бадраву тоҷ дод.
937. Гузин кард аз он ҷангиён се ҳазор
Зиреҳдору баргустувонвар савор. Ба Настуҳ фармуд, то барнишаст, Миёни ялӣ тохтанро бубаст. Ҳаме ронд Настуҳ дил пур зи дард,

