Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

959. САР ПЕЧИДАНИ ГУСТАҲМ АЗ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ХОСТАНИ Ӯ ГУРДИЯРО

В-аз он пас ба сӯи Хуросон касе Фиристоду андарз кардаш басе. Бад-ӯ гуфт: «Бо кас маҷунбон забон, Аз эдар бирав то дари марзбон. Ба Густаҳм гӯй, эч гуна мапой, Чу ин номаи мо бихонӣ, биёй». Фиристода чун дар Хуросон расид, Ба даргоҳи марди таносон расид. Бигуфт, он ки фармони Парвиз буд, Ки шоҳи ҷавон буду хунрез буд. Чу Густаҳм бишнид, лашкар биронд, Пароканда лашкар ҳама бозхонд. Чунин то ба шаҳри бузургон расид, Зи Сориву Омул ба Гургон расид. Шунид он, ки шуд шоҳи Эрон дурушт, Бародар-шро шаб ба мастӣ бикушт. Чу бишнид, гушти ялонӣ биканд, Фуруд омад аз пушти аспи саманд. Ҳама ҷомаи паҳлавӣ кард чок, Хурӯшон ба сар - бар ҳаме рехт хок. Бидонист, к-ӯро ҷаҳондор шоҳ Ба кини падар кард хоҳад табоҳ. Хурӯшон аз он ҷойгаҳ бозгашт, Ту гуфтӣ, ки бо бод ҳамбоз гашт. Сипоҳи пароканда кард анҷуман, Ҳаме тохт то бешаи Норван. Чу наздикии кӯҳи Омул расид, Сипаҳро бад-он беша андаркашид. Ҳаме бурд бар ҳар сӯе тохтан, Бад-он тохтан буд кин охтан. Ба ҳар сӯ, ки бекор мардум буданд, Ба нон-бар ҳама бандаи ӯ шуданд. Ба ҷое куҷо лашкари шоҳ буд, Ки Густаҳм аз он лашкар огоҳ буд. Ҳаме бар сароншон фуруд омадӣ, Сипаҳро якояк ба ҳам барзадӣ. В-аз он пас чу Гурдӯй шуд назди шоҳ, Бигуфт он куҷо хоҳараш бо сипоҳ.