Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

958. КУШТАНИ ХУСРАВ БИНДӮЙРО БА ХУНИ ПАДАРАШ ҲУРМУЗД

В-аз он пас ба ором биншаст шоҳ, Чу бархост Баҳроми ҷангӣ зи роҳ. Надид аз бузургон касе кинаҷӯй, Ки бо ӯ ба рӯй андароранд рӯй. Ба дастури покиза як рӯз гуфт, Ки «андеша то кай бувад дар нуҳуфт? Кушанда падар ҳар замон пеши ман Ҳаме бугзарад, ӯ бувад хеши ман. Чу равшанравонам пур аз хун бувад, Ҳаме подшоҳӣ кунам, чун бувад?!» Ниҳоданд хону мае чанд х(в)ард, Ҳамон рӯз Биндӯйро банд кард. В-аз он пас чунин гуфт бо раҳнамой, Ки «ӯро ҳам акнун зи тан дасту пой Бибурред, то ӯ ба хуни каён, Чу бедаст бошад, набандад миён». Буриданду ҳам дар замон ӯ бимурд, Пур аз хун равонаш ба Яздон супурд.