957. НОМАИ ГУРДИЯ БА ГУРДӮЙ
Чу пирӯз шуд, сӯи Эрон кашид,
Бари шаҳрёри далерон кашид.
Ба Омӯй биншасту якчанд буд,
Ба дил-ш - андар андешаҳо барфузуд.
Яке нома сӯи бародар бадард
Навишту зи ҳар кор огоҳ кард.
Чунин гуфт, к-«он гаҳ, ки Баҳроми гурд
Ба тимору дарди бародар бимурд,
Турову маро мужда бисёр дод,
Равони вай аз мо беозор бод!»
Дигар гуфт: «Бо шаҳрёри баланд
Бигӯ он чи аз ман шунидӣ зи панд.
Паси мо биёмад сипоҳе гарон,
Ҳама номдорону ҷанговарон.
Бад-он гуна бардоштамшон ба разм,
Ки на разм бинанд аз ин пас, на базм.
Басе номвар меҳтарон бо мананд,
Набояд, ки ояд бар эшон газанд.
Нишастам ба Омӯй, то посухам
Биёрад магар ахтари фаррухам.