Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

956. ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ТУВУРГРО АЗ ПАСИ ГУРДИЯ ВА КУШТАНИ ГУРДИЯ ӮРО

Зи лашкар басе зинҳорӣ шуданд, Ба наздики хоқон ба ёрӣ шуданд. Бародар биёмад ба наздики ӯй, Ки «эй номвар меҳтари ҷангҷӯй! Сипоҳӣ диловар ба Эрон кашид, Басе зинҳорӣ бари ман расид. Аз ин нанг то ҷовидон бар дарат Бихандад ҳаме лашкару кишварат». Сипаҳдори Чин, к-он суханҳо шунид, Шуд аз хашм ранги рухаш нопадид. Бад-ӯ гуфт: «Биштобу баркаш сипоҳ, Нигаҳ кун, ки лашкар куҷо шуд зи роҳ? Бад-эшон расӣ, ҳеҷ тундӣ макун, Нахустин фароз ор ширин сухун. Аз эшон надонад касе роҳи мо, Магар бишканӣ пушти бадхоҳи мо. Ба хубӣ сухан гӯю бинвозашон, Ба мардонагӣ сар барафрозашон. В-агар ҳеҷ созад касе бо ту ҷанг, Ту мардӣ куну дур бош аз диранг. Аз эшон яке гӯрсон кун ба Марв, Ки гардад замин ҳамчу парри тазарв». Биёмад сипаҳдор бо шаш ҳазор Гузида зи туркони чангисавор. Ба рӯзи чаҳорум бад-эшон расид, Зани шердил чун сипаҳро бидид, Аз эшон ба дил-бар накард эҷ ёд, Зи лашкар сӯи сорбон шуд чу бод. Якояк буна дар паси пушт кард, Биёмад, нигаҳ кард ҷои набард. Силеҳи бародар бипӯшид зан, Нишаст аз бари бораи гомзан. Ду лашкар баробар кашиданд саф, Ҳамон ҷони худ барниҳода ба каф. Ба пеши сипоҳ андаромад Тувург, Ки хоқон варо хондӣ пиргург. Ба эрониён гуфт, к-«он покзан Магар нест бо ин бузург анҷуман?»