955. РОЙ ЗАДАНИ ГУРДИЯ БО ПАҲЛАВОНОНИ ХЕШ ВА ГУРЕХТАН АЗ МАРВ
В-аз он пас ҷавону хирадманд зан
Ба ором биншаст бо ройзан.
Чунин гуфт, к-«омад яке нав сухан,
Ки ҷовид бар дил нагардад куҳан.
Ҷаҳондор хоқон маро хостаст,
Суханҳо зи ҳар гуна оростаст.
Аз ин нест оҳу бузург асту шоҳ,
Далеру худованди тӯронсипоҳ.
Маро бепадар дошт Баҳроми гурд,
Ду даҳ сол з-он гаҳ, ки бобам бимурд.
Чу аз вай касе хостӣ мар маро,
Биҷӯшидӣ аз кина мағзи саро.
Наёраст, то зинда буд шери ман
Касе ёди ман кард аз анҷуман.
Кунун шоҳ, хоқон на мардест хурд,
Ҳамаш дастгоҳ асту ҳам дастбурд.
Валекин чу бо турку эрониён
Бикӯшад, ки хешӣ бувад дар миён.
Зи пайванду аз банди он рӯзгор,
Ғаму ранҷ бинад ба фарҷоми кор.
Нигар, то Сиёвуш аз Афросиёб
Чӣ бар хӯрд ҷуз тобиши офтоб.
Сари хеш дод аз нахустин ба бод,
Ҷавоне ки чун ӯ зи модар назод.
Ҳамон низ пури сипаҳбад чӣ кард,
Аз Эрону Тӯрон баровард гард.
Бисозед, то мо зи туркон ниҳон
Ба Эрон барем ин сухан ногаҳон.
Ба Гурдӯй ман номае кардаам,
Ҳам аз пеш тимори ин х(в) ардаам.
Ки бар шоҳ пайдо кунад кори мо,
Бигӯяд бад-ӯ ранҷу тимори мо.
Ба нерӯи Яздон чу он бишнавад,
Бад-ин чарб гуфтори ман бигравад».
Бад-ӯ гуфт ҳар кас, ки «бону туӣ,
Ба Эрону Чин пушту бозу туӣ.
Наҷунбонадат кӯҳи оҳан зи ҷой,
Ялонро ба мардӣ туӣ раҳнамой.