Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

954. НОМА НАВИШТАНИ ХОҚОН БА ГУРДИЯ, ХОҲАРИ БАҲРОМ ВА ПОСУХИ ОН

В-аз он пас чу хоқон бипардохт дил, Зи хун шуд ҳама кишвари Чин чу гил. Чунин гуфт як рӯз, к-«аз марди суст Наёяд магар кори нотандуруст. Бад-он номдорӣ, ки Баҳром буд, Маро з-ӯ ҳама ромишу ком буд. Кунун ман зи касҳои он номдор Чаро бозмондам чунин сусту хор? Накӯҳиш кунад, ҳар кӣ ин бишнавад, Аз он пас ба савганди ман награвад. Нахӯрдам ғами хурд фарзанди ӯй, На андеша аз хуну пайванди ӯй. Чу бо мо ба фарзанд пайваста буд, Ба меҳру хирад ҷони ӯ баста буд». Бифармуд, то шуд бародар-ш пеш, Сухан гуфт бо ӯ зи андоза беш Ки касҳои Баҳроми ялро бубин, Фаровон бар эшон бихон офарин. Бигӯ он ки «ман худ ҷигархастаам, Бад-ин сӯг то зиндаам, бастаам. Ба хун рӯи кишвар бишустам ба кин, Ҳама шаҳр нафрин буду офарин. Бад-ин дард ҳарчанд кин оварам, В-агар осмон бар замин оварам. Зи фармони Яздон касе нагзарад, Чунин донад он кас, ки дорад хирад, Ки ӯро замона бар он гуна буд, Ҳама тунбали деви вожуна буд. Бар он зинҳорам, ки гуфтам сухан Бар он аҳду паймонҳои куҳан». Сӯи Гурдия номае буд ҷудо, Ки «эй покдоман, зани порсо! Ҳамат ростиву ҳамат мардумӣ, Сириштат фузуниву дур аз камӣ. Зи кори ту андеша кардам дароз, Нишаста хирад бо дили ман ба роз. Беҳ аз худ надидам туро кадхудой, Биёрой ин хонаи ман ба рой.