953. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХУСРАВ АЗ КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА НАВОХТАНИ Ӯ ХАРРОДИ БАРЗИНРО
Чу Харроди Барзин ба Хусрав расид,
Бигуфт, он куҷо карду гуфту шунид.
Дили шоҳ Парвиз аз он шод гашт,
К-аз он бадгуҳар душман озод гашт.
Ба дарвеш бахшид чанде дирам,
Зи пӯшиданиҳову аз бешу кам.
Ба ҳар подшоҳеву худкомае
Набиштанд бар паҳлавӣ номае,
Ки додори доранда-Яздон чӣ кард,
Зи душман чӣ гуна баровард гард.
Ба қайсар яке нома бинвишт шоҳ,
Чунон чун бувад дархури пешгоҳ.
Ба як ҳафта маҷлис биёростанд,
Ба ҳар барзане руду май хостанд.
Ба оташкада ҳам фиристод чиз,
Бад-он мӯбадон хилъат афканд низ.
Ба Харроди Барзин чунин гуфт шоҳ,
Ки «зебад туро, гар диҳам тоҷу гоҳ!»
Даҳонаш пур аз гавҳари шоҳвор
Бароганду динор чун сад ҳазор.
Ҳаме рехт ганҷур дар пои ӯй,
Бар ин гуна, то танг шуд ҷои ӯй.
Бад-ӯ гуфт: «Ҳар кас, ки печад зи роҳ,
Шавад рӯзи равшан бар ӯ-бар сиёҳ,
Чу Баҳром бошад ба дашти набард,
К-аз ӯ пиртурке баровард гард».
Ҳама мӯбадон хонданд офарин,
Ки бе ту мабинод кеҳтар замин!
Чу Баҳром бошад, ки бо меҳри ту,
Нахоҳад, ки рахшон шавад чеҳри ту.