Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

952. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХОҚОН АЗ МАРГИ БАҲРОМ ВА ТАБОҲ КАРДАНИ ХОНУМОНИ ҚУЛУН ВА НАВОХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ХАРРОДРО

Чу бишнид хоқон, ки Баҳромро Чӣ омад, парешида дид номро. Ҳам он нома наздики хоқон расид, Фиристода гуфту сипаҳбад шунид. Аз он огаҳӣ шуд дилаш пур зи дард, Ду дида пур аз хуну лаб ложвард. Аз он кори ӯ дар шигифтӣ бимонд, Ҷаҳондидагонро ҳама пеш хонд. Бигуфт ончи Баҳроми ялро расид, Шуд аз дард гирён, касе к-он шунид. Ҳама Чин бар ӯ зор гирён шуданд, Абе оташ аз бим бирён шуданд. Якояк ҳама кори ӯ бозҷуст, Бад-он, то гунаҳ бар кӣ гардад дуруст. Қулунро ба Тӯрон ду фарзанд буд, Зи ҳар гунае хешу пайванд буд. Чу дониста шуд, оташе барфурӯхт, Сарою ҳама барзани ӯ бисӯхт. Ду фарзанди ӯро бар оташ ниҳод, Ҳама чизи эшон ба тороҷ дод. Бидонист, к-он кори Харрод буд, Ки кораш ҳама банду бедод буд. Фиристод ҳар сӯ ҳаюнони маст, Наёмад-ш Харроди Барзин ба даст. Ҳаме гуфт, к-он саг, чӣ гуна гурехт, К-аз ин гуна оташ ба мо-бар бубехт. В-аз он пас чу навбат ба хотун расид, Зи парда ба гесӯш берун кашид. Ба айвон кашид он ҳама ганҷи ӯй, Накард эҷ ёд аз буна ранҷи ӯй. Ҳама ҳар ки дар Чин варо банда буд, Бипӯшидашон ҷомаҳои кабуд. Ба якчанд бо сӯги Баҳром буд, Ки хоқон аз он кор бадном буд.