Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

951. КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ДАСТИ ҚУЛУН

Кулун бистад он мӯҳру ҳамчун тазарв Биёмад зи шаҳри Кашон то ба Марв. Ҳаме буд, то рӯзи Баҳром буд, Ки Баҳромро он на падром буд. Ба хона - дарун буд бо як раҳӣ, Ниҳода бараш нору себу биҳӣ. Қулун рафт танҳо ба даргоҳи ӯй, Ба дарбон чунин гуфт, к-«эй номҷӯй! Ман аз духти хоқон фиристодаам, На ҷангӣ касеям, на озодаам. Яке роз гуфт ин зани порсо, Бад-он, то бигӯям бад-ин подшо. Зи баҳри варо аз дари бастан аст, Ҳамон низ бемору обастан аст. Гар огаҳ кунӣ, то расонам паём, Бад-он тоҷвар меҳтари некном». Бишуд пардадори гиромӣ давон Чунин то дари хонаи паҳлавон. Чунин гуфт, к-«омад яке баднишон Фиристодаву пӯстине кашон. Ҳаме гӯяд «аз духти хоқон паём, Расонам бад-ин меҳтари шодком». Чунин гуфт Баҳром, к-«ӯро бигӯй, Ки ҳам з-он дари хона бинмой рӯй». Биёмад Қулун то ба наздики дар, Ба кофи дари хона бинмуд сар. Чу дидаш, яке пир буд сусту зор, Бад-ӯ гуфт: «Агар нома дорӣ, биёр». Қулун гуфт: «Шоҳо, паём асту бас, Нахоҳам, ки гӯям сухан пеши кас». Бад-ӯ гуфт: «Зуд андар ою бигӯй Ба гӯшам ниҳонат, баҳона маҷӯй». Қулун рафт бо корд дар остӣ, Падидор шуд кажживу костӣ. Ҳаме рафт, то роз гӯяд ба гӯш, Бизад дашна в-аз хона баршуд хурӯш. Чу Баҳром гуфт: «Оҳ! Мурдам». Зи роҳ. Бирафтанд пӯён ба наздики шоҳ.