Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

950. ФИРИСТОДАНИ ХАРРОДИ БАРЗИН ҚУЛУНРО БА НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА

В-аз он рӯй Баҳром шуд то ба Марв, Биёрост лашкар чу парри тазарв. Кас омад ба хоқон, ки аз Турку Чин Мамон, то кас ояд ба Эронзамин, Ки огоҳии мо ба Хусрав равад Варо з-он сухан ҳадяи нав бувад. Мунодигарӣ кард хоқони Чин, Ки бе мӯҳри мо кас ба Эронзамин Шавад, ман миёнаш кунам бар ду ним, Ба Яздон, ки нафрӯшам инро ба сим. Ҳаме буд Харроди Барзин се моҳ, Ҳаме дошт ин розҳоро нигоҳ. Ба тангӣ дил - андар Қулунро бихонд, Бад-он номвар ҷойгоҳаш нишонд. Бад-ӯ гуфт: «Донӣ, ки кас дар ҷаҳон Надорад дили беғам андар ниҳон? Ту нони ҷаву арзану пӯстин Фаровон биҷустӣ зи ҳар кас ба Чин. Кунун хӯрданиҳот нону бара, Ҳамон пӯшишат ҷомаҳои сара. Чунон буд якчанду акнун чунин, Чи нафрин шунидиву чи офарин. Кунун рӯзгори ту бар сар гузашт, Басе рӯзу шаб дидиву кӯҳу дашт. Яке кор дорам туро бимнок, Агар тахт ёбӣ, агар тирахок. Ситонам яке мӯҳри хоқони Чин, Чунон рав, ки андарнавардӣ замин. Ба наздики Баҳром бояд шудан, Ба Марват фаровон бибояд будан. Бипӯшӣ ҳамон пӯстини сиёҳ, Яке корд бистон ту бо худ ба роҳ. Нигаҳ дор он моҳи Баҳромрӯз, Бирав то дари марди гетифурӯз. Вай он рӯзро шум дорад ба фол, Нигаҳ доштастем бисёр сол. Нахоҳад, ки анбӯҳ бошад бараш, Ба дебои чинӣ бипӯшад бараш.