949. Мақотура чун гашт кушта ба зор
Абар дасти Баҳром он рӯзгор.
Қулунро дил аз дард ҷӯшон будӣ,
Шабу рӯз аз ғам хурӯшон будӣ.
Ба тан низ хеши Мақотура буд,
Дилаш буд зи Баҳром пурдарду дуд.
Ҳамеша ба дил доштӣ кини ӯй,
Забонро набастӣ зи нафрини ӯй.
Фиристод Харроду ӯро бихонд,
Бад-он номвар ҷойгоҳаш нишонд.
Мар ӯро дирам доду динор дод,
Ҳамон пӯшишу хӯрди бисёр дод.
Чу бар хон нишастӣ, варо хондӣ,
Бари номдорон-ш биншондӣ.
Пурандеша буд марди бисёрдон,
Шикебодилу зираку кордон.
Ҳам он пеши хоқон ба рӯзу ба шаб
Чу рафтӣ, ҳаме доштӣ баста лаб.
В-аз он рӯй бо кадхудои сарой
Зи хотуни чинӣ ҳаме ҷуст рой.
Чунин гуфт бо меҳтарон марди пир,
Ки «Чун ту сарафроз марде дабир!
Агар дар пизишкит баҳра будӣ
В-агар номат аз дур шӯҳра будӣ,
Яке тоҷ будӣ аз он бар сараш,
Бавижа, ки бемор шуд духтараш.
Бад-ӯ гуфт, к-«ин донишам низ ҳаст,
Чу гӯӣ, бисоям бар ин кор даст».
Бишуд пеши хотун давон кадхудой,
Ки «доно пизишке нав омад ба ҷой».
Бад-ӯ гуфт: «Шодон зию нӯш х(в)ар,
Биёвар, махор андар ин кор сар».
Биёмад, ба Харроди Барзин бигуфт,
Ки «ин роз бояд, ки дорӣ нуҳуфт.
Бирав пеши ӯ, номи худро магӯй,
Пизишке кун аз хештан тозарӯй».
Ба наздики хотун шуд он чорагар,
Табаҳ дид бемори ӯро ҷигар.
Бифармуд, то оби нор оваранд,