Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

948. ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВ ХАРРОДИ БАРЗИНРО БА НАЗДИ ХОҚОН ВА ЧОРА КАРДАНИ Ӯ АЗ КУШТАН БАҲРОМИ ЧӮБИНАРО

Чу огоҳӣ омад ба шоҳи бузург, Ки аз беша берун хиромид гург. Сипоҳе биёвард Баҳроми гурд, Ки аз осмон рӯшноӣ бибурд. Ба Харроди Барзин чунин гуфт шоҳ, Ки «бугзин дар ин кор бар хона роҳ. Ба Эрону Нерон ту донотарӣ, Ҳамон бар забон ту тавонотарӣ». Дари ганҷ букшоду чандин гуҳар. Биёварду шамшеру заррин камар, Ки Харроди Барзин дар ин хира монд, Ҳаме дар ниҳон номи Яздон бихонд. Чу бо ҳадяҳо роҳи Чин баргирифт, Ба Ҷайҳун яке роҳи дигар гирифт. Чу наздики даргоҳи хоқон расид, Нигаҳ карду гӯяндае баргузид. Бад-он то бигӯяд, ки аз назди шоҳ Фиристода омад бад-ин боргоҳ. Чу бишнид хоқон, биёрост гоҳ, Бифармуд, то баркушоданд роҳ. Фиристода чун шуд ба тангӣ фароз, Забон кард гӯёву бурдаш намоз. Бад-ӯ гуфт: «Ҳар гаҳ ки фармон диҳӣ, Ба гуфтан забон баркушояд раҳӣ». Бад-ӯ гуфт хоқон: «Ба ширин забон Дили мардуми пир гардад ҷавон. Бигӯ ин суханҳо, ки суд андар ӯст, Сухан гуфта мағз асту ногуфта пӯст». Чу Харроди Барзин шунид ин сухан, Ба ёд омадаш гуфтаҳои куҳан. Нахуст офарин кард бар кирдгор, Тавонову дорандаи рӯзгор, Ки чарху замину замон офарид, Тавоноиву нотавон офарид. Тавоноӣ ӯрост, мо бандаем, Ҳама ростиҳош гӯяндаем. Якеро диҳад тоҷу тахти баланд, Якеро кунад бандаву мустаманд.