947. СИПОҲ ОРОСТАНИ ХОҚОНИ ЧИН
Аз он пас чу бишнид Баҳроми гурд,
К-аз Эрон ба хоқон касе нома бурд.
Биёмад дамон пеши хоқони Чин,
Бад-ӯ гуфт, к-«эй меҳтари б-офарин!
Шунидам, ки он римани бадҳунар,
Ҳаме нома созад як андар дигар.
Сипоҳе диловар зи Чин баргузин,
Бад-он то туро гардад Эронзамин.
Бигирам ба шамшер Эрону Рум,
Туро шоҳ хонам бад-он марзу бум.
Ба номи ту бо посбонон ба шаб
Ба Эронзамин баркушоянд лаб.
Бибуррам сари Хусрави бадҳунар,
Ки на пой бодо аз эшон, на сар.
Чу ман кеҳтариро бубандам миён,
Зи бун барканам тухми Сосониён».
Чу бишнид хоқон, пурандеша гашт,
Варо дар дил андеша чун беша гашт.
Бихонд он касоне ки буданд пир,
Сухангӯву донандаву ёдгир.
Бад-эшон бигуфт он чи Баҳром гуфт,
Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт.
Чунин ёфт посух зи фарзонагон,
Зи хешони наздику бегонагон:
Ки корест ин хору душвор низ,
Ки бар тухми Сосон пур омад қафиз.
Валекин чу Баҳром ронад сипоҳ,
Намояд ба марди хирадманд роҳ.
Ба Эрон басе дӯстдораш бувад,
Чу хоқон яке хешу ёраш бувад.
Барояд ба бахти ту ин кор зуд,
Суханҳои Баҳром бояд шунуд.
Чу бишнид хоқон, дил тоза гашт,
Бихандиду бар дигар андоза гашт.
Бар он барниҳоданд яксар гавон,
Ки бугзид бояд ду марди ҷавон.
Ки зебад бар он ҳар ду тан меҳтарӣ,
Ҳам он ранҷкаш бошаду лашкарӣ.