946. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ АЗ КОРИ БАҲРОМ ВА НОМА НАВИШТАН БА ХОҚОН
Ҳаме хӯрд Баҳрому бахшид чиз,
Бар ӯ ҳар касе офарин кард низ.
Чунин то хабарҳо ба Эрон расид,
Бари подшоҳи далерон расид
Ки Баҳромро подшоҳиву ганҷ
Аз они ту беш аст нобурда ранҷ,
Пур аз дард шуд шаҳ зи тимори ӯ,
Дилаш гашт печон зи кирдори ӯ.
Бад-ӯ гуфт Баҳром: «Боре равост,
Ҷаҳондор бар бандагон подшост».
Ҳаме рой зад бо бузургон ба ҳам,
Басе гуфту андохт бар бешу кам.
Шаби тира фармуд, то шуд дабир
Сари хомаро кард пайкони тир.
Ба ҳоқони чинӣ яке нома кард,
Ту гуфтӣ, ки аз ханҷараш хома кард.
Нахуст офарин кард бар кирдгор,
Тавонову донову парвардгор
Барорандаи ҳуру кайвону моҳ,
Нишонандаи шоҳ бар пешгоҳ,
Газояндаи ҳар кӣ ҷӯяд бадӣ,
Физояндаи дониши эзадӣ.
Зи нодониву ҳам зи норостӣ,
Зи кажживу каммиву аз костӣ
Битобӣ чу гӯӣ, ки Яздон якест,
Варо ёру ҳамтову анбоз нест.
Биёбад ҳар он кас, ки некӣ биҷуст,
Мабод он, ки ӯ дасти бадро бишуст.
Ҳар он кас, ки ӯ роҳи Яздон гузид,
Сар аз носипосӣ бибояд кашид.
Яке банда буд шоҳро носипос,
На меҳтаршиносу на яздоншинос.
Яке хурд бемоя, бе боб буд,
Падар баркашидаш, ки бебоб буд.
Ниҳон нест кирдори ӯ дар ҷаҳон
Миёни меҳону миёни кеҳон.
Кас ӯро напазруфт, к-аш моя буд
В-агар дар хирад бартарин поя буд.