Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

945. КУШТА ШУДАНИ ШЕРИ КАППӢ БАР ДАСТИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Чу пайдо шуд аз осмон гарди моҳ, Шаби тира бифшонд зулфи сиёҳ. Пароканда гаштанду мастон шуданд, В-аз он ҷой ҳар кас ба айвон шуданд. Чу пайдо шуд он фарри хуршеди зард, Бупечид зулфи шаби ложвард. Кажоганд пӯшид Баҳроми гурд, Гиромӣ танашро ба Яздон супурд. Каманду камон бурду се чӯба тир, Душоха яке найза нахчиргир. Чу омад ба наздики он бурзкӯҳ, Бифармуд, то бозгардад гурӯҳ. Бад-он Шери Каппӣ чу наздик шуд, Ту гуфтӣ бар ӯ кӯҳ торик шуд. Миён андар он кӯҳи хоро бубаст, Ба хамми каманд аз бари зин нишаст. Камонро бимолиду бар зеҳ ниҳод, Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. Шуд он Шери Каппӣ ба чашма дарун, Биғалтид дар обу омад бурун. Ки бар аждаҳо чун шудӣ мӯй тар, Набудӣ бар ӯ тири кас коргар. Чу дид аждаҳо, к-ин савори далер Ҳаме ояд аз дур чун наррашер, Ба кин кард дандону чангол тез, Шуд аз кинаи ӯ сараш пурситез. Биғурриду барзад бар он санг даст, Ҳаме оташ аз кӯҳи хоро биҷаст. Ҳаме омад он аждаҳои дижам, Ки Баҳромро андарорад ба дам. Камонро бимолид Баҳроми гурд, Ба тир аз ҳаво рӯшноӣ бибурд. Хаданге биандохт шери далер, Тани шери каппӣ шуд аз ҷанг сер. Дигар тир Баҳром зад бар сараш, Фурӯ рехт чун об хун аз бараш. Ҳаме дид нерӯю оҳанги ӯй, Се дигар бизад тир бар чанги ӯй.