Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

944. КУШТАНИ ДАД ДУХТАРИ ХОҚОНРО

Чу чанде баромад бар ин рӯзгор, Шабу рӯз осоиш омӯзгор. Чунон буд, ки дар кӯҳи Чин он замон Даду дом будӣ фузун аз гумон. Даде буд меҳтар зи аспе ба тан, Ба сар-бар ду гесӯ сияҳ чун расан. Танаш зарду гӯшу даҳонаш сиёҳ, Надидӣ кас ӯро магар гармгоҳ. Ду чангаш ба кирдори чанги ҳизабр, Хурӯшаш ҳаме баргузаштӣ зи абр. Варо шери каппӣ ҳаме хонданд, Зи ранҷаш бару бум дармонданд. Савору пиёда кашидӣ ба дам, Шуда рӯз аз ӯ бар далерон дижам. Яке духтаре дошт хоқон чу моҳ, Агар моҳ дорад ду зулфи сиёҳ. Ду лаб сурху бинӣ чу мехи дирам, Ду беҷода хандон, ду наргис дижам. Бад-он духт ларзон будӣ мому боб, Агар тофтӣ бар сараш офтоб. Чунон буд, ки рӯзе биёмад ба дашт, Ҳаме гирди он марғзорон бигашт. Ҷаҳондор хоқон зи баҳри шикор Ба даште дигар буд аз он марғзор. Ҳамон низ хотун ба кох-андарун Ҳаме рой зад бо яке раҳнамун. Бишуд духтараш то бад-он марғзор, Або духтарону маю майгусор. Чу он шери каппӣ зи кӯҳаш бидид, Фуруд омад, ӯро ба дам даркашид. Ба як дам шуд ӯ аз ҷаҳон дар ниҳон, Сар омад бар он хубчеҳра ҷаҳон. Чу хоқон шунид ин, сияҳ кард рӯй, Ҳамон модараш низ барканд мӯй. Зи дардаш ҳамасола гирён шуданд, Чу бар оташи тез бирён шуданд. Ҳаме чора ҷустанд аз он аждаҳо, Ки то Чин биёбад зи сахтӣ раҳо.