Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

943. КУШТА ШУДАНИ МАҚОТУРА БА ДАСТИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Чу шаб домани тира андаркашид, Сапеда зи кӯҳи сияҳ бардамид. Мақотура пӯшид хафтони ҷанг, Биёмад яке теғи турӣ ба чанг. Чу Баҳром бишнид, болой хост, Ҳамон ҷавшани хусраворой хост. Гузиданд ҷое, ки ҳаргиз паланг Бар он шаххи беоб нанҳод чанг. Чу хоқон шунид ин сухан, барнишаст, Бирафтанд туркони хоқонпараст. Бад-он кор то з-ин ду шери дамон Киро пештар хоҳад омад замон. Мақотура чун шуд ба дашти набард, Зи ҳомун ба абр андаровард гард. Ба Баҳроми гарданкаш овоз дод, Ки «акнун зи мардӣ чӣ дорӣ ба ёд?! Ту хоҳӣ бад-ин ҷанг шуд пешдаст В-агар шердил турки хоқонпараст». Бад-ӯ гуфт Баҳром: «Пешӣ ту кун, Ки ин пай ту афкандӣ андар сухун». Мақотура кард аз ҷаҳондор ёд, Ду зоғи камонро ба зеҳ барниҳод. Зеҳу тир бигрифт шодон ба даст, Чу шуд ғарқи пайкон-ш, букшод шаст. Бизад бар камаргоҳи марди савор, Насуфт оҳан аз оҳани обдор. Замоне ҳаме буд Баҳром дер, Ки то шуд Мақотура аз ҷанг сер. Мақотура пиндошт, к-ӯ шуд табоҳ, Хурӯшиду баргашт аз он размгоҳ. Бад-ӯ гуфт Баҳром, к-«эй размҷӯй, Накуштӣ маро, сӯи хиргаҳ мапӯй. Ту гуфтӣ сухан, бошу посух шунав, Агар бишнавӣ, зинда монӣ, бирав!» Нигаҳ кард ҷавшангузоре хаданг, Ки оҳан шудӣ пеши ӯ мумранг. Бизад бар миёни савори далер, Сипаҳбад шуд аз разму динор сер.