942. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО ХОҚОНИ ЧИН
Кунун достонҳои дерина гӯй,
Суханҳои Баҳроми Чӯбина гӯй,
Ки чун ӯ сӯи шаҳри туркон расид,
Ба назди сарону бузургон расид,
Зи гурдони бедордил даҳ ҳазор
Пазира шудандаш гузида савор.
Писар бо бародар-ш пеш-андарун,
Або ҳар яке мӯбаде раҳнамун.
Чу омад бари тахти хоқон фароз,
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз.
Чу хоқон варо дид, бар пой ҷаст,
Бибӯсиду бистурд рӯяш ба даст.
Бипурсид бисёраш аз ранҷи роҳ,
Зи ранҷу зи пайкори шоҳу сипоҳ.
Ҳам Эзадгушаспу Ялонсинаро
Бипурсиду гурдони пуркинаро.
Чу Баҳром бар тахти симин нишаст,
Гирифт ошно дасти хоқон ба даст.
Бад-ӯ гуфт, к-«эй меҳтари б-офарин,
Сипаҳдору солори туркону Чин!
Ту донӣ, ки аз шаҳрёри ҷаҳон
Набошад касе эмин андар ниҳон.
Биёсояд аз ранҷ, бигзоядаш,
Таносон зияд, ранҷ бифзоядаш.
Гар эдун ки эдар пазирӣ маро,
Ба ҳар неку бад даст гирӣ маро,
Бад-ин марзи боарз ёри туам,
Ба ҳар неку бад дастёри туам.
В-агар ҳеҷ ранҷ оядат, бугзарам,
Заминро саросар ба пай биспарам.
Гар эдун, ки бошӣ ту ҳамдостон,
Аз эдар шавам сӯи Ҳиндустон».
Бад-ӯ гуфт хоқон, ки «эй сарфароз,
Бад-ин рӯз ҳаргиз мабодат ниёз.
Бидорам туро ҳамчу пайванди хеш,
Чи пайванд, бартар зи фарзанди хеш.
Ҳама бум бо ман бад-ин ёваранд,
Агар кеҳтаронанд, агар меҳтаранд.