941. ЗОРИИ ФИРДАВСӢ АЗ МУРДАНИ ФАРЗАНДИ ХЕШ
Маро сол бугзашт бар шасту панҷ,
На некӯ бувад, гар биёзам ба ганҷ.
Магар баҳра гирам ман аз панди хеш,
Барандешам аз марги фарзанди хеш.
Маро буд навбат, бирафт он ҷавон,
Зи дардаш манам чун тани беравон.
Шитобам ҳаме, то магар ёбамаш,
Чу ёбам, ба беғора биштобамаш.
Ки навбат маро буд, бе коми ман
Чаро рафтиву бурдӣ ороми ман.
Зи бадҳо ту будӣ маро дастгир,
Чаро роҳ ҷустӣ зи ҳамроҳи пир.
Магар ҳамраҳони ҷавон ёфтӣ,
Ки аз пеши ман тез биштофтӣ?
Ҷавонро чу шуд сол бар сиву ҳафт,
На бар орзу рафт гетӣ, бирафт.
Ҳаме буд ҳамвора бо ман дурушт,
Барошуфту якбора бинмуд пушт.
Бирафту ғаму ранҷаш эдар бимонд,
Дилу дидаи ман ба хун дарнишонд.
Кунун ӯ сӯи рӯшноӣ расид,
Падарро ҳаме ҷой хоҳад гузид.
Баромад чунин рӯзгоре дароз,
К-аз он ҳамраҳон кас нагаштанд боз.
Ҳамоно маро чашм дорад ҳаме,
Зи дер омадан хашм дорад ҳаме.
Маро шасту панҷу варо сию ҳафт,
Напурсид аз ин пиру танҳо бирафт.
Вай андар шитобу ман андар диранг,
Зи кирдорҳо то чӣ ояд ба чанг.
Равони ту доранда равшан кунод,
Хирад пеши ҷони ту ҷавшан кунод!
Ҳаме хоҳам аз довари кирдгор,
Зи рӯзидеҳи пок парвардгор,
Ки яксар бубахшад гуноҳи туро,
Дурахшон кунад тирагоҳи туро!