Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

940. БОЗГАШТАНИ НИЁТУС ВА РУМИЁН АЗ ЭРОН НАЗДИ ҚАЙСАРИ РУМ

Ба Харроди Барзин бифармуд шоҳ, Ки ҷои араз созу девон бихоҳ. Ҳама лашкари румиён арз кун, Ҳар он кас, ки ҳастанд нав ё куҳун. Ду девон бидеҳ румиёнро зи ганҷ, Ба додан набояд, ки бинанд ранҷ. Касе к-ӯ ба хилъат сазовор буд, Куҷо рӯзи ҷанг аз дари кор буд. Бифармуд, то хилъат оростанд, Зи дар аспи пурмоягон хостанд. Ниётусро дод чандон гуҳар, Чи аспу парастори зарринкамар. К-аз андозаи ҳадя бартар гузошт, Сарашро зи пурмоягон барфарошт. Ҳар он шаҳр, к-аз Рум бистад Қубод, Чи Ҳурмуз, чи Кисрои фаррухнажод Ниётусро доду бинвишт аҳд, Бар он ҷоми ҳанзал пароканд шаҳд. Бирафтанд пас румиён сӯи Рум Аз он марзи ободу ободбум. Ду манзил бишуд Хусрави сарфароз Варо кард падруду пас гашт боз. Дигар ҳафта бардошт бо даҳ савор, Ки буданд бинодилу номдор. Зи лашкаргаҳ омад ба Озаргушасп, Ба гунбад нигаҳ карду бугзошт асп. Пиёда ҳаме рафт дида пуроб, Ба зардӣ ду рухсора чун офтоб, Чу аз дар ба наздики оташ расид. Шуд аз оби дида рухаш нопадид. Яке ҳафта мехонд Устову Занд, Ҳаме гашт бар гирди озар нажанд. Ба ҳаштум биёмад зи оташкада, Чу наздик шуд рӯзгори Сада. Зи заррину симини гавҳарнигор, Зи динору аз гавҳари шоҳвор Ба оташ бидод, ончи пазруфта буд, Сухан ҳар чӣ пеши радон гуфта буд.