939. ХАШМ ГИРИФТАНИ НИЁТУС БАР БИНДӮЙ ВА ОШТӢ КАРДАНИ МАРЯМ ДАР МИЁНАШОН
Дигар рӯз Хусрав биёрост гоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Ниҳоданд дар гулшани сур хон,
Чунин гуфт пас: «Румиёнро бихон».
Биёмад Ниётус бо румиён,
Нишастанд бо файласуфон ба хон.
Чу Хусрав фуруд омад аз тахти бор
Або ҷомаи руми гавҳарнигор,
Хиромид хандону бар хон нишаст,
Бишуд тез Биндӯй барсам ба даст.
Ҷаҳондор бигрифту андар ниҳон
Ба замзам ҳаме рой зад бо радон.
Ниётус чун дид, биндохт нон,
Аз ошуфтагӣ бозпас шуд зи хон.
Ҳаме гуфт: «Божу чалипо ба ҳам
Зи қайсар бувад бар Масеҳо ситам».
Чу Биндӯй дид он, бизад пушти даст
Ба хон-бар ба рӯи чалипопараст.
Ғамӣ гашт аз он кор Хусрав, чу дид,
Ба рухсора шуд чун гули шанбалид.
Ба Густаҳм гуфт: «Ин гави бехирад
Набояд, ки бо доваре май хӯрад.
Варо бо Ниётуси румӣ чӣ кор,
Тани хешро кардӣ имрӯз хор».
Ниётус аз он ҷойгаҳ барнишаст,
Ба лашкаргаҳи хеш шуд ниммаст.
Бипӯшид румизиреҳ размро
Зи баҳри табаҳ кардани базмро.
Саворони румӣ ҳама ҷангҷӯй
Ба даргоҳи Хусрав ниҳоданд рӯй.
Ҳам он гаҳ зи лашкар саворе чу бод
Ба Хусрав фиристод руминажод,
Ки Биндӯйи нокас чаро пушти даст
Занад бар рухи марди яздонпараст?!
Гар ӯро фиристӣ ба наздики ман
В-агарна бубин шӯриши анҷуман.
Зи ман беш печӣ аз он каҷраҳӣ,
Ки ҷӯяд хаме тахти шоҳаншаҳӣ».