938. НОМАИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ҚАЙСАР БА ПИРӮЗӢ ВА ПОСУХНОМАИ ҚАЙСАР
Аз он рӯй Хусрав бад-он размгоҳ
Биёмад, ки Баҳром буд бо сипоҳ.
Ҳама размгоҳаш ба тороҷ дод,
Сипаҳро ҳама бадраву тоҷ дод.
Яке бораи тезрав барнишаст,
Миёнро зи баҳри парастиш бубаст.
Ба пеш андаромад яке хорсон,
Пиёда бибуд андар он корсон.
Биғалтид бар пеши Яздон ба хок,
Ҳаме гуфт, к-«эй довари доду пок.
Ту душман аз ин бум бардоштӣ,
Ҳама кор аз андоза бугзоштӣ.
Парастандаву носазо бандаам,
Ба фармони доранда пӯяндаам.
В-аз он ҷойгаҳ шуд ба пардасарой,
Биёмад ба наздики ӯ раҳнамой.
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир,
Набиштанд аз ӯ номае бар ҳарир.
Зи чизе, ки рафт андар он размгоҳ,
Ба қайсар набишт андар он нома шоҳ,
Нахуст офарин кард бар додгар,
К-аз ӯ дид мардиву бахту ҳунар.
Дигар гуфт, к-«аз кирдгори ҷаҳон,
Ҳама некуӣ дидам андар ниҳон.
Ба Озаргушасп омадам бо сипоҳ,
Давон пеш бозомадам кинахоҳ.
Бад-он гуна танг андаромад ба ҷанг,
Ки бар ман бибуд ҷои пайкор танг.
Чу Яздони покаш набуд дастгир,
Бимурд он дами оташи доругир.
Чу бечоратар гашту лашкар намонд,
Гурезон ба шабгир аз эдар биронд.
Ҳама лашкарашро ба ҳам барзадем,
Ба лашкаргаҳаш оташ андарзадем.
Ба фармони Яздони пирӯзгар
Бубандам варо низ роҳи гузар».
Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ,
Фиристодагон баргирифтанд роҳ.