Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

937. Гузин кард аз он ҷангиён се ҳазор

Зиреҳдору баргустувонвар савор. Ба Настуҳ фармуд, то барнишаст, Миёни ялӣ тохтанро бубаст. Ҳаме ронд Настуҳ дил пур зи дард, Набуд марди Баҳром рӯзи набард. Ҳамон низ Баҳром бар лашкараш Набуд эмин аз доду аз кишвараш. Ҳаме ронд бероҳу дил пур зи бим, Ҳаме бурд бо хештан зарру сим. Ялонсинаву гурд Эзадгушасп Ба як сӯи лашкар ҳаме ронд асп. Ба бероҳ лашкар ҳаме ронданд, Суханҳои шоҳон ҳаме хонданд. Падид омад аз дур бечора деҳ, Ки он деҳ набуд аз дари марди меҳ. Ҳаме ронд Баҳром пеш-андарун, Пушаймон шуда дил пур аз дарду хун. Чу аз ташнагӣ хушк шуд-шон даҳан, Биёмад ба хони яке пирзан. Забонҳо ба чарбӣ биёростанд, В-аз он пирзан обу нон хостанд. Зани пир гуфтори эшон шунид, Яке кӯҳна ғирбол пеш оварид. Яке пора-пора бигустурд машк, Ниҳода ба ғирбол-бар нони кашк. Ялонсина барсам ба Баҳром дод, Наёмад ҳаме дар ғам аз бож ёд. Чу кашкин бихӯрданд, май хостанд, Забонҳо ба замзам биёростанд. Зани пир гуфт: «Ар маят орзуст, Май асту яке низ кӯҳна кадуст. Буридам кадуро, ки нав буд сараш, Яке ҷом кардам, ниҳодам бараш». Бад-ӯ гуфт Баҳром: «Чун май бувад, Аз ин хубтар ҷом худ кай бувад?!» Зани пир рафту май оварду ҷом, Аз он ҷом Баҳром шуд шодком. Яке ҷоми пур бар кафаш барниҳод,